Ба Тоҷикистон зиндагӣ бо умедвориро тавсия намедиҳанд

Date:

Бонки осиёгии рушд (БОР) ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки ба барқарор гардидани иқтисоди Русия умедвор нашуда, барои кор дар ватани худ шароит фароҳам оваранд.

«Иқтисоди Русия тадриҷан барқарор шуда, метавон пешгӯӣ кард, ки ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ боз рӯ ба афзоиш мениҳад, – гуфт намояндаи доимии БОР дар Душанбе Си.Си.Ю зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон. – Лекин аз ин умевдории зиёд доштан лозим нест, зеро буҳрон имконест барои роҳандозии ислоҳоте, ки ба беҳбуди шароит дар дохили кишвар мусоидат мекунад».

Намояндаи доимии БОР шарҳ дод, ки ҳадафи аслии ислоҳот бояд дар фароҳам овардани ҷойҳои корӣ дар дохили ҷумҳурӣ ифода ёбад ва барои ноил гардидан ба ин мақсад, иқтисоди гуногунсоҳа, беҳбуди муҳити сармоягузорӣ ва муҳайё кардани ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар зарур аст.

Қобили зикр аст, ки охири моҳи феврали соли ҷорӣ президенти Русия Владимир Путин зимни сафар ба Душанбе изҳор намуд, ки айни замон дар қаламрави Русия 876 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур дошта, ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии онҳо ба ватан дар соли гузашта 1,9 млрд. долларро ташкил додааст, ки қариб сеяки Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар мебошад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...