Ҳузури вакили тоҷик дар маъракаи интихоботи парлумонии Арманистон

Date:

Вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Аҳмадҷон Қобилов ба сифати нозир дар маъракаи пайгирӣ(мониторинг)-и интихоботи парлумонии Арманистон иштирок мекунад.

Тавре ба Азия-Плюс» як манбаъ аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, намояндаи Тоҷикистон ба ҳайати нозирон аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дохил шудааст.

Қобили зикр аст, ки маъракаи интихоботи парлумонӣ дар Арманистон санаи 2 апрел доир гардида, ин маъракаи аввалини умумиҷумҳриявӣ пас аз раъйпурсӣ оид ба конститутсия моҳи декабри соли 2015 мебошад, ки мутобиқи он Арманистон ба модели ҳокимияти парлумонӣ мегузарад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related