Рӯзҳои ҷашни Наврӯз борон дар назар аст

Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар аксар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳавои боронӣ дар назар дошта шудааст. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз ҷумла, аз 21 то 23 март ҳавошиносон дар қаламрави мамлакат эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат, дар баъзе минтақаҳо шиддатнок, раъду барқ ва боридани жоларо пешбинӣ менамоянд. Гуфта мешавад, дар […]

Asia-Plus

Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар аксар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳавои боронӣ дар назар дошта шудааст.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз ҷумла, аз 21 то 23 март ҳавошиносон дар қаламрави мамлакат эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат, дар баъзе минтақаҳо шиддатнок, раъду барқ ва боридани жоларо пешбинӣ менамоянд.

Гуфта мешавад, дар ин рӯзҳо дар ҳамаи минтақаи ҷумҳурӣ ҳаво нисбатан салқин шуда, ҳарорати ҳаво 2-3 дараҷа поён мефарояд.

Интизор меравад, ки ҳарорати ҳаво рӯзона 14-22 ва шабона 5-12 дараҷа гарм шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио