Парвози ҳавопаймо ба Тошканд то ҳол маълум нест

Масъалаи оғози парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсарйи мустақим миёни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳоло ҳам мавриди баррасӣ қарор дорад. Қаблан зикр гардида буд, ки парвозҳои мунтазам тавассути ин хатсайр аввали мавсими тобистон шрӯъ мешаванд. «Айни замон масъалаи ифтитоҳи хатсайри мустақими Душанбе – Тошканд – Душанбе аз ҷониби мутахассисони ҳарду кишвар мавриди омӯзиш қарор дорад», – хабар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Масъалаи оғози парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсарйи мустақим миёни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳоло ҳам мавриди баррасӣ қарор дорад. Қаблан зикр гардида буд, ки парвозҳои мунтазам тавассути ин хатсайр аввали мавсими тобистон шрӯъ мешаванд.

«Айни замон масъалаи ифтитоҳи хатсайри мустақими Душанбе – Тошканд – Душанбе аз ҷониби мутахассисони ҳарду кишвар мавриди омӯзиш қарор дорад», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳуҷҷатҳои хатсайрро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Аз ифшои ҷузъиёти дигар ин масъала дар Вазорат худдорӣ варзиданд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи баъе маълумоти ғайрирасмӣ, ҷонибҳо созишнома дар бораи алоқаи ҳавоӣ миёни кишварҳоро баррасӣ дошта, Ӯзбекистон пешниҳод дорад, ки танҳо ширкати ин кишвар, бидуни иштироки ширкат аз Тоҷикистон  парвозҳоро анҷом диҳад, ки ба ин ҷониби Тоҷикистон розӣ шуда наметавонад.

Дар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», ки масъули анҷоми парвозҳо аз ҷониби Тоҷикистон таъин шудааст, аз шарҳи масъала худдорӣ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки хабаргузории ӯзбекистонии Kun.uz маълумотеро интишор намуда буд, ки дар он гуфта мешавад, парвози ҳавопаймои аввал бо хатсайри Душанбе – Тошканд бо айби ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии «Сомон Эйр» ба таъхир афтодааст, ки саривақт ҳуҷҷатҳоро ба мақомоти авиатсионии Ӯзбекистон пешниҳод накардааст.

Дар навбати худ ширкати «Сомон Эйр» низ дар маълумоти дар ин робита интишоркардааш қайд кард, ки баъди аз ҷониби роҳбарияти ширкат гузаронидани таҳлили ҷиддии вазъи баамаломада, муайян гардид, ки бастаи ҳуҷҷатҳо аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба ҷониби Ӯзбекистон саривақт ирсол нашудаанд, – омадааст дар иттилоия. – Шахсоне, ки дар вазъияти мазкур масъул буданд, аз ҷумла Директори тиҷоратӣ Алишер Рустамов ҷазо гирифта, аз кор озод шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.