Ҳушдори КҲФ аз боришоти зиёду селфароиҳо ва раъду барқ

Рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ боришоти зиёд, раъду барқу шамоли сахт дар назар аст ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аҳолиро огоҳ мекунад, ки ба он омодагӣ гиранд. Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба он такя мекунад, аз 30 март то 1 апрел дар саросари кишвар обуҳавои номусоид пешбинӣ мешавад. Давоми ин рӯзҳо дар водиҳо […]

Asia-Plus

Рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ боришоти зиёд, раъду барқу шамоли сахт дар назар аст ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аҳолиро огоҳ мекунад, ки ба он омодагӣ гиранд.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба он такя мекунад, аз 30 март то 1 апрел дар саросари кишвар обуҳавои номусоид пешбинӣ мешавад.

Давоми ин рӯзҳо дар водиҳо боришоти зиёди борон ва дар доманакӯҳҳо боридани барф дар назар буда, вазиши шамол аз самти ғарб то 17-22 метр дар як сония мерасад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода сокинон ва меҳмонони ҷумҳуриро огоҳ мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳушёриро аз даст надиҳанд, зеро раъду барқу оташак аз он аз эҳтимол дур набуда, ғайр аз ин, дар дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсу ва Оби Хингоб, ҳамчунин рӯдхонаҳои қаторкӯҳи Ҳисор хатари болоравии сатҳи об вуҷуд дорад.

Дар роҳҳои мошингарди мавзеи кӯҳистони ҷумҳурӣ фаромадани селу тарма ва сангрезиҳо имкон дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.