Сармоягузории БАТР баҳри рушди Душанбе қонеъкунанда нест

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати  Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) таҳти роҳбарии Ноиби якуми Президенти Бонки номбурда Филипп Беннетт мулоқот кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, иштирокчиёни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои БАТР бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баррасӣ карданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо дастгирии лоиҳаҳои бахши хоҷагии манзиливу […]

Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати  Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) таҳти роҳбарии Ноиби якуми Президенти Бонки номбурда Филипп Беннетт мулоқот кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, иштирокчиёни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои БАТР бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баррасӣ карданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дастгирии лоиҳаҳои бахши хоҷагии манзиливу коммуналии шаҳрро аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои ҳамкорӣ маънидод карда, оид ба баланд бардоштани сатҳи робитаҳо дар самти татбиқи тарҳҳои сармоягузории беҳтар гардонидани инфрасохтори шаҳр ибрози назар карданд.

Таъкид гардид, ки тарафҳо дар татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои обтаъминкунӣ, нақлиёти мусофирбарии ҷамъиятӣ, идораи партовҳои сахти маишӣ ва дигар бахшҳои инфрасохтори коммуналӣ ҳамкорӣ намуда, маблағи умумии сармоягузории БАТР ба иқтисодиёти Душанбе то имрӯз беш аз 18,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда чандон қонеъкунанда намебошад.

Дар ҷараёни мулоқот инчунин дастгирии бахши хусусӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, азнавсозии роҳҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуда, дастгирии молиявии БАТР дар амалигардонии стратегияи таҷдиди корхонаҳои саноатӣ зарур шумурда шуд.

Ҷонибҳо ёдовар шуданд, ки ҷиҳати рушди ҳамкориҳо ҳанӯз имкониятҳои зиёди истифоданашуда мавҷуданд ва изҳори итминон гардид, ки роҳбари тозаинтихоби намояндагии Бонк дар ҶТ  Айтен Рустамова дар амалисозии тарҳҳои муштараки инфрасохтори шаҳр нақши созгори худро мегузорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.