Тоҷикистон ба харитаи адабии ҷаҳон шомил шуд

Нашрияи бритониёии The Independent харитаи адабии ҷаҳонро пешниҳод намуд, ки дар он 197 кишвари саросари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон низ зикр гардидаанд. Дар ин харита ҳар кадоме аз кишварҳо бо асари бадеӣ муаррифӣ шудаанд, ки ба хонандагон ҷиҳати шиносоӣ бо зиндагиву фарҳанги ин давлат имкон медиҳад. Тоҷикистон дар харита бо китоби Андрей Волос «Хуррамабад» (Хуррамобод), […]

Asia-Plus

Нашрияи бритониёии The Independent харитаи адабии ҷаҳонро пешниҳод намуд, ки дар он 197 кишвари саросари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон низ зикр гардидаанд.

Дар ин харита ҳар кадоме аз кишварҳо бо асари бадеӣ муаррифӣ шудаанд, ки ба хонандагон ҷиҳати шиносоӣ бо зиндагиву фарҳанги ин давлат имкон медиҳад.

Тоҷикистон дар харита бо китоби Андрей Волос «Хуррамабад» (Хуррамобод), кишварҳои ҳамсояи Қирғизистону Қазоқистон бо асарҳои Чингиз Айтматов – «Джамиля» (Ҷамила) ва «Дольше века длится день» (Рӯзи дарозтар аз қарн), Ӯзбекистон – бо китоби Том Биссел "Дар ҷустуҷӯи баҳр" ва Туркманистон бо "Ривоят дар бораи Айпӣ"-и Оқ Велсапар муаррифӣ шудааст.

Дар навбати худ аз Британияи Кабир асари Ҷейн Остин «Гордость и предубеждение», аз Фаронса – романи Виктор Гюго – «Отверженные» ва аз Русия – Лев Толстой бо асари «Война и мир» пешниҳод шудаанд.

«Хуррамабад» романи нависандаи рус Андрей Волос мебошад, ки соли 1955 дар Душанбе ба дунё омадааст. Роман соли 2000-ум дар Маскав нашр шуда, маҷаллаи «Новый мир» муаалифро номзад ба дарёфти Ҷоизаи давлатии Русия пешниҳод намуд, ки бо фармони Владимир Путин ба ӯ тақдим гардид.

Дар эзоҳҳояш ба роман муаллиф қайд мекунад, ки «Хуррамабад» шаҳри хушбахтӣ аз афсонаҳои форсӣ аст. Зери мафҳуми Хуррамобод шаҳри Душанбе дар назар буда, қаҳрамонони асар сокинони Душанбе мебошанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.