Худкушии як тоҷикистонӣ дар тавқифгоҳи «Матросская тишина»

Прокуратураи шаҳри Маскав дар робита ба марги шаҳрванди Тоҷикистон дар тавқифгоҳи тафтишотӣ (СИЗО)-и «Матросская тишина» санҷиш мегузаронад. Ин мард рӯзи 26 март ба тавқифгоҳ оварда шуда, баъди чанд соат дар ҳуҷра ҷасади ӯ дарёфт гардидааст. Ному насаби шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон, ки ба гумони даст доштан дар паҳнкунии маводи мухаддир ба ҳабс гирифта шудааст, зикр намегардад. […]

Прокуратураи шаҳри Маскав дар робита ба марги шаҳрванди Тоҷикистон дар тавқифгоҳи тафтишотӣ (СИЗО)-и «Матросская тишина» санҷиш мегузаронад. Ин мард рӯзи 26 март ба тавқифгоҳ оварда шуда, баъди чанд соат дар ҳуҷра ҷасади ӯ дарёфт гардидааст.

Ному насаби шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон, ки ба гумони даст доштан дар паҳнкунии маводи мухаддир ба ҳабс гирифта шудааст, зикр намегардад.

Бино ба маълумоти ВАО-и Русия бо истинод ба намояндаи Раёсати Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Маскав Сергей Сиганков, боздоштшуда даст ба худкушӣ задааст.

Сиганков қайд кардааст, ки зимни азназаргузаронии ҷасад аломатҳои марги маҷбурӣ ошкор нашуда, аз рӯи ин ҳодиса санҷиш ҷараён дорад.

Дар сомонаи Прокуратураи генералии Русия иттилоъ дода мешавад, ки марги боздоштшуда натиҷаи аз ҷониби шахсони мансабдори тавқифгоҳи тафтишотии №1 риоя накардани талаботи қонун мебошад, ки аз ҷумла назорат аз болои рафтори ҳабсшударо таъмин накардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.