Раиси пойтахт ба ҳозиркунии хизматгурезон ба даъват дастур дод

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур дод, ки нисбати шахсоне, ки аз даъват ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, корҳои лозимии пешгириро амалӣ намуда, ҳозиршавии онҳоро таъмин намоянд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, Рустами Эмомалӣ дар ин робита дар бораи аз 1 апрел то 31 май дар шаҳри Душанбе […]

Asia-Plus

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур дод, ки нисбати шахсоне, ки аз даъват ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, корҳои лозимии пешгириро амалӣ намуда, ҳозиршавии онҳоро таъмин намоянд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, Рустами Эмомалӣ дар ин робита дар бораи аз 1 апрел то 31 май дар шаҳри Душанбе дар сатҳи зарурӣ ташкил кардани маъракаи даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ қарор ба имзо расонид.

Дар қарор зикр мегардад, ки ба комиссияҳои даъват духтурони ботаҷриба ва дигар кормандони соҳаи тиб, ки малакаи амалии кор дар комиссияро доранд, сафарбар карда шуда, онҳо бо воситаҳои лозимӣ ва ҳангоми зарурат бо мошинҳои ёрии таъҷилӣ таъмин шаванд.

Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба сафарбар намудани 10 нафарӣ кормандони техникӣ аз корхона, муассиса ва ташкилотҳо  ба ихтиёри комиссариатҳои ҳарбӣ вазифадор карда шудаанд.

Ҳамчунин ба гусели тантанавии даъватшавандагон ба қисмҳои ҳарбӣ ва муташаккилона пешвоз гирифтани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати хизматро адо кардаанд, низ дастур дода шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.