Нахустин машваратҳои байниидоравии Тоҷикистону Фаластин

Дар Душанбе бори нахуст машваратҳои байниидоравии Тоҷикистону Фаластин баргузор шуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар вохӯрии муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо муовини вазири корҳои хориҷии Фаластин Мозен Шомия масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои туризму бахши кишоварзӣ баррасӣ шуда, ҷониби Фаластин изҳор доштааст, ки ояндаи наздик Рӯзҳои фарҳанги […]

Дар Душанбе бори нахуст машваратҳои байниидоравии Тоҷикистону Фаластин баргузор шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар вохӯрии муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо муовини вазири корҳои хориҷии Фаластин Мозен Шомия масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои туризму бахши кишоварзӣ баррасӣ шуда, ҷониби Фаластин изҳор доштааст, ки ояндаи наздик Рӯзҳои фарҳанги кишвараш дар Тоҷикистонро баргузор карданист.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, таҳти роҳбарии муовини якуми вазири корҳои хориҷии ҶТ Низомиддин Зоҳидӣ ва муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Фаластин Мозен Шомия рӯзи 29 март нахустин машваратҳои байниидоравӣ баргузор шуданд.

Гуфта мешавад, дар рафти машваратҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи иқтисод, тиҷорат, фарҳанг, таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, барқарор намудани робитаҳои доираҳои тиҷоратӣ ва илмӣ, инчунин таҳияи санадҳои дуҷониба ҷиҳати тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаластин баррасӣ шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон ва ҳамкории ҷонибҳо дар ҳошияи СММ, СҲИ ва МҲТБО табодули назар сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.