Дар Ашқобод соли нави таҳсил 1 июл оғоз мегардад

Соли нави таҳсили 2017-2018 дар мактабҳои Ашқободи Туркманистон 1 июл шурӯъ мешавад. Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, ҳамчунин анҷоми соли хониш ба фарқ аз солҳои пешин барвақттар фаро мерасад. "Тибқи қарори нав, дар мактабҳои Ашқобод бояд таҳсил то 1 июн ба охир расад. Дар сурате, ки мебоист соли нави хониш 1 сентябр шуруъ […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Соли нави таҳсили 2017-2018 дар мактабҳои Ашқободи Туркманистон 1 июл шурӯъ мешавад.

Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, ҳамчунин анҷоми соли хониш ба фарқ аз солҳои пешин барвақттар фаро мерасад.

"Тибқи қарори нав, дар мактабҳои Ашқобод бояд таҳсил то 1 июн ба охир расад. Дар сурате, ки мебоист соли нави хониш 1 сентябр шуруъ шавад, акнун 1 июл оғоз мегардад. Чаҳоряки аввал охири моҳи август ба охир мерасад. Баъди ин хонандагон як моҳи дигар таътил мекунанд ва чаҳоряки дувум моҳи октябр шуруъ мешавад", – гуфтааст ҳамсуҳбати Радио Озодӣ аз вазорати маорифи Туркманистон.

Гуфта мешавад, тағйир додани санаи таҳсилу таътили хонандагони шаҳри Ашқобод ба баргузории Бозиҳои Осиё-2017 рабт дорад. Чорабиниҳои расмии бозиҳо бо ҷалби саросарии хонандагону омӯзгорон барпо мешавад.

Бозиҳои чаҳоруми Осиё дар толорҳои пӯшида ва варзиши ҳарб миёнаҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Ашқобод барпо мешавад. Ҳамчунин имсол омӯзгорони мактабҳои миёна ҳамагӣ 30 рӯз рухсатии меҳнатӣ мегиранд, дар ҳоле, ки солҳои пешин то 45 рӯз ҳаққи рухсатӣ доштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.