Пирзода ва Алимардон нозукиҳои идоракунии корпоративиро омӯхтанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ҳамкорӣ бо намояндагони Лоиҳаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ оид ба идоракунии корпоративӣ дар Осиёи Марказӣ семинари амалӣ дар мавзӯи «Нақши пешбарандаи Шӯрои нозирон дар низоми идоракунии корпоративии бонкҳо» доир намуд. Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, дар маросими ифтитоҳи семинари мазкур, ки дар он Раисони Раёсат ва роҳбарони Шӯрои нозирони бонкҳои […]

Шуъбаи матбуоти БМТ

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ҳамкорӣ бо намояндагони Лоиҳаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ оид ба идоракунии корпоративӣ дар Осиёи Марказӣ семинари амалӣ дар мавзӯи «Нақши пешбарандаи Шӯрои нозирон дар низоми идоракунии корпоративии бонкҳо» доир намуд.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, дар маросими ифтитоҳи семинари мазкур, ки дар он Раисони Раёсат ва роҳбарони Шӯрои нозирони бонкҳои низомсози кишвар,  аз ҷумла раисони «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агароинвестбонк» Тоҷиддин Пирзода ва Муродалӣ Алимардон ҳузур доштанд.

 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода сухан карда, ба иштирокдорон дар таҳлил ва омӯзиши роҳҳои беҳтар кардани идоракунии корпоративӣ дар фаъолияти бонкҳо ва нақши Шӯрои нозирон кори самарабахш таманно намуд.

Барандаи кори семинари амалӣ муовини раиси БМТ Сироҷиддин Икромӣ аз зарурати ислоҳот дар самти барқарор кардани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва масъалаҳои вобаста ба идоракунии корпоративӣ изҳори назар кард. Мавсуф зикр намуд, ки мақсад аз гузаронидани семинари амалӣ бо иштироки маҳз раисони Раёсат ва роҳбарони Шӯрои нозирони бонкҳо баланд бардоштани самарабахшии фаъолияти Шӯрои нозирон дар бонкҳо, дар ҳамкории Шӯро ва Раёсат ба роҳ мондани идорасозии бонкҳо, аз ҷумла дар самти татбиқи стратегияи умумии идоракунии хавфҳо ва сиёсати идоракунии онҳо, қабули қарорҳои муҳим ва ҳамаҷониба таҳлилшуда, пурзӯр намудани назорати бонкӣ бо беҳтар кардани идоракунии корпоративӣ маҳсуб меёбад.

Иштирокдорони семинари амалӣ дар доираи машғулиятҳои гурӯҳӣ имкони баррасии масъалаҳое, ки Шӯрои нозирон дар рафти иҷрои вазифаҳои худ дар самти муайян намудани стратегия ва татбиқи вазифаҳои назоратӣ, аз ҷумла ҳалли мушкилоти баамаломада бархӯрдор мешаванд, пайдо карданд.

Инчунин дар рафти машғулият самтҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Шӯрои нозирон бо роҳи дақиқ муайян намудани салоҳият ва масъулияти Шӯрои нозирон ва Раёсат, аз ҷумла ташкили дурусти ҷаласа ва доир намудани баҳодиҳии ҳамасола баррасӣ карда шуд.

Боиси тазаккур аст, ки семинари амалӣ дар мавзӯи «Нақши пешбарандаи Шӯрои нозирон дар низоми идоракунии корпоративии бонкҳо» дар доираи татбиқи Лоиҳаи идоракунии корпоративӣ дар Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Корпоратсияи байналмилалии молиявии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо дастгирии Ҳукумати Швейсария (SECO) ва Британия Кабир (DFID) доир гардид. Лоиҳаи идоракунии корпоративӣ дар Осиёи Марказиро (IFC) дар семинари мазкур Ҳамоҳангсози Лоиҳаи идоракунии корпоративӣ дар Осиёи Марказӣ Юлия Холодкова, машваратчиёни калони ҳуқуқӣ оид ба идоракунии корпоративӣ Олга Колдасова ва Анатолий Ефименко намояндагӣ намуданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.