Президент рамзи «Соли ҷавонон»-ро тасдиқ кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз миёни якчанд намуди рамзҳои пешниҳоднамудаи рассомони ҷавон беҳтарин рамзи «Соли ҷавонон»-ро тасдиқ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, рамзи мазкур намуди доирашакл дошта, дар атрофаш ҳалқаи сабз тасвир ёфтааст, ки аз сарсабзии кишвар ва озодии ҷавонон шаҳодат медиҳад. Дар ҳалқа матни «СОЛИ ҶАВОНОН» ва «2017» ҷойгир шудааст, ки […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз миёни якчанд намуди рамзҳои пешниҳоднамудаи рассомони ҷавон беҳтарин рамзи «Соли ҷавонон»-ро тасдиқ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, рамзи мазкур намуди доирашакл дошта, дар атрофаш ҳалқаи сабз тасвир ёфтааст, ки аз сарсабзии кишвар ва озодии ҷавонон шаҳодат медиҳад. Дар ҳалқа матни «СОЛИ ҶАВОНОН» ва «2017» ҷойгир шудааст, ки ифодагари моҳияти рамз мебошад.

Гуфта мешавад, дар мобайни рамз курраи замин, дар рӯи он харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами миллӣ ва тоҷ ҷойгир буда, аз ягонагӣ ва соҳибистиқлолии давлат далолат медиҳад.

Зикр мегардад, ки дар болои харитаи Тоҷикистон ба таври рамзӣ се нафар ҷавонони дастбадаст бо рангҳои ҳамшабеҳи Парчами миллӣ тасвир ёфтаанд, ки ифодагари муттаҳидӣ, хушбахтӣ ва созандагии насли наврас мебошад.

Ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва воситаҳои ахбори омма тавсия дода шудааст, ки аз рамзи «Соли ҷавонон» васеъ истифода баранд.

Ёдрас мекунем, ки зимни ироаи Паёми солонаи худ ба парлумон санаи 22 декабри соли 2016 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуда буд, ки соли 2017 дар Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.