Манъи бидуни иҷоза ворид ва берун бурдани китоб

Date:

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, бидуни иҷозаи махсуси ин вазоратхона ба кишвар ворид кардани китоб ва ё баръакс аз кишвар берун бурдани китобҳо, мумкин нест.

Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Шералӣ Хоҷаев, сардори шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихиву фарҳанги Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ин робита гуфтааст,  "новобаста аз теъдоди китобҳои воридшаванда, шаҳрванд бояд иҷозатномаи Вазорати фарҳангро бигирад.

«Ин талабот ба ҳамаи кишварҳо дахл дорад ва новобаста ба забон ва ё ҳуруфи китоб, чунин иҷозатнома бояд гирифта шавад ва пас аз он, барои ворид ва ё содир кардани он иҷозат дода мешавад», – иброз доштааст ӯ.

Гуфта мешавад, ҷорӣ шудани иҷозатнома барои ворид намудани китобҳо дар ҳолест, ки Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар марзҳо даҳҳо китобҳои умдатан бо хатти форсиро аз мусофирон мусодира мекунад.

Зикр мегардад, ки ахиран дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз боздошт ва мусодираи китобҳои як шаҳрванд, ки аз ӯ Ҳ.А. ном бурда мешавад, ки бо худ чанд китоб бо ҳуруфи форсӣ ва аз ҷумла "Бӯстон"-и Саъдии Шерозиро доштааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...