Боришоти шадид охири ҳафта хотима меёбад

Боришоти шадид дар Тоҷикистон боз ду рӯзи дигар идома ёфта, гармшавии обуҳаво охири ҳафта дар назар аст. Тавре аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар аксари ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ ва ВМКБ ду рӯзи наздик боришоти зиёд пешбинӣ шуда, рӯзҳои 5-6 апрел боришот кӯтоҳмуддат мешавад ва охири ҳафта боришот қариб пурра хотима […]

Asia-Plus

Боришоти шадид дар Тоҷикистон боз ду рӯзи дигар идома ёфта, гармшавии обуҳаво охири ҳафта дар назар аст.

Тавре аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар аксари ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ ва ВМКБ ду рӯзи наздик боришоти зиёд пешбинӣ шуда, рӯзҳои 5-6 апрел боришот кӯтоҳмуддат мешавад ва охири ҳафта боришот қариб пурра хотима меёбад.

Рӯзҳои боронӣ поинравии ҳарорат дар назар буда, дар вилояти Суғд ҳаво 9-14 дараҷа гарм, вилояти Суғд: 5-10 дараҷа гарм, ноҳияҳои тобеи марказ: 9-14 дараҷа гарм ва минтақаи кӯҳистон: 2-7 дараҷа гарм мешавад.

Ҳарорат дар шарқи ВМКБ шабона 7-12 дараҷа сард ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм шуда, ба ҷуз ноҳияҳои ВМКБ, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ дар назар аст.

Бинобар сабаби боришоти зиёд дар минтақаи кӯҳистон хатари селфароӣ вуҷуд дошта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ, аз ҷумла дар ғарби ВМКБ ва доманакӯҳҳои ноҳияҳои тобеи марказ фаромадани тармаҳо аз эҳтимол дур нест.

Ҳамчунин тибқи маълумоти обуҳавошиносон, дар дарёҳои Яхсу, Қизилсӯ, Оби Хингови Ҷанубӣ ва Варзоб болоравии сатҳи об пешбинӣ мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.