Бозигари 12-солаи Тоҷикистон дар бозиҳои «Футбол барои дӯстӣ»

Хонандаи синфи шашуми Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе Хуршед Муртазоқулови 12-сола  Тоҷикистонро дар бозиҳои «Футбол барои дӯстӣ»  (Football for Friendship) намояндагӣ мекунад. Бино ба маълумоти АМИТ «Ховар», ин мусобиқа дар Санкт-Петербурги Россия аз 26 июн то 3 июли соли равон баргузор мегардад.,  муаррифӣ менамояд. Ташаббуси мазкур аз ҷониби ҶСО «Газпром», ки шарики асосии ФИФА ва Чемпионати […]

АМИТ «Ховар»

Хонандаи синфи шашуми Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе Хуршед Муртазоқулови 12-сола  Тоҷикистонро дар бозиҳои «Футбол барои дӯстӣ»  (Football for Friendship) намояндагӣ мекунад.

Бино ба маълумоти АМИТ «Ховар», ин мусобиқа дар Санкт-Петербурги Россия аз 26 июн то 3 июли соли равон баргузор мегардад.,  муаррифӣ менамояд. Ташаббуси мазкур аз ҷониби ҶСО «Газпром», ки шарики асосии ФИФА ва Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол -2018 мебошад, роҳандозӣ шудааст.

Гуфта мешавад, Амина Конурбаева, роҳбари лоиҳаи «Футбол барои дӯстӣ»  дар Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ дар нишасти хабарӣ дар мақомгоҳи ФФТ арз кардааст, ки мақсади асосии лоиҳа- ин ривоҷу равнақи футбол байни кӯдакон, тарғибу ташвиқи ҳаёти солим, таҳаммулпазирӣ ва дӯстӣ мебошад.

Аз рӯи гуфтаи Амина Конурбоева, имсол  шумораи кишварҳое, ки ба ин барнома пайвастаанд, хеле зиёд гардида, аз 32 ба 64 давлат  расидааст ва Лоиҳа футболбозони навраси чор қитъа  Африка, АвруОсиё, Америкаи Ҷанубӣ ва Шимолиро ба ҳам меорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.