Ӯзбекистонии гумонбар ба амали террористӣ дар Стокголм ба гуноҳаш иқрор шуд

Шаҳрванди 39-солаи Ӯзбекистон Раҳмат Оқилов, ки ба содир намудани амали террористӣ дар шаҳри Стокголм гумонбар дониста мешавад, ба гуноҳаш иқрор шудааст. Рӯзномаи Expressen-и Шветсия навиштааст, Раҳмат Оқилов рӯзи ҷумъа боздошт ва иқрор шудааст, ки ӯ автомашинаи боркашро идора мекард ва изҳор доштааст, ки аз кори кардааш розӣ аст. Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи […]

Asia-Plus

Шаҳрванди 39-солаи Ӯзбекистон Раҳмат Оқилов, ки ба содир намудани амали террористӣ дар шаҳри Стокголм гумонбар дониста мешавад, ба гуноҳаш иқрор шудааст.

Рӯзномаи Expressen-и Шветсия навиштааст, Раҳмат Оқилов рӯзи ҷумъа боздошт ва иқрор шудааст, ки ӯ автомашинаи боркашро идора мекард ва изҳор доштааст, ки аз кори кардааш розӣ аст.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, дар Стокголм ду нафар бо гумони анҷоми ҳамлаи террористии 7 апрел боздошт шуда, яке аз боздоштшудаҳо шаҳрванди 39-солаи Ӯзбекистон будааст, ки аз ақидаҳои гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" ҳимоят мекардааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи ҳамла дар маркази Стокголм чаҳор одам: ду шаҳрванди Шветсия, як мард аз Бритониё ва як зан аз Белгия кушта шуд. Даҳ захмӣ то кунун дар бемористон бистарӣ ва вазъи чанде аз онҳо ҷиддист.

Шаби ҷумъа, 7 апрел мошини борбари дуздӣ бо суръати 60 километр дар соат ба қисми пиёдагарди роҳ баромад. Мошини борбар чанд одамро пахш карда, баъдан ба бинои маркази тиҷоратӣ бархурд. Ҳамлагар тавонист, ки аз ҷои ҳодиса фирор кунад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.