Ҷонибдории соҳибкорони тоҷику қирғиз аз рушди савдои наздимарзӣ

Дар вохӯрии намояндагони аҳолии наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон, ки бо мусоидати Барномаи рушди СММ дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба савдо дар Осиёи Марказӣ» дар шаҳри Исфара бо иштироки 35 нафар намояндагони ҷамоатҳои наздимарзии ҳарду ҷониб барпо шуд, зикр гардид, ки савдои наздимарзӣ метавонад барои барқарор кардани эътимоди ҳамдигарӣ мусоидат намояд. Сари мизи гуфтушунид вазъи кунунӣ ва […]

Неъматулло Мирсаидов

Дар вохӯрии намояндагони аҳолии наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон, ки бо мусоидати Барномаи рушди СММ дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба савдо дар Осиёи Марказӣ» дар шаҳри Исфара бо иштироки 35 нафар намояндагони ҷамоатҳои наздимарзии ҳарду ҷониб барпо шуд, зикр гардид, ки савдои наздимарзӣ метавонад барои барқарор кардани эътимоди ҳамдигарӣ мусоидат намояд.

Сари мизи гуфтушунид вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои иқтисодӣ байни деҳоти наздимарзӣ баррасӣ шуда, ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба тавассути густариши робитаҳои тиҷоратӣ, беҳбуд бахшидан ба кори бозорҳои наздимарзӣ, фароҳам овардани шароити хубу мусоид барои равуо ва ҳамлу нақли молу маҳсулот, тавсеъаи робитаҳои дуҷониба миёни сохторҳои тиҷоратӣ ва дар ниҳояти кор истифодаи бештар густурда аз имконоти содиротии ҳарду тарафро таъкид доштанд.

«Мо имрӯз бояд ҳамроҳ имконоти содиротиамонро пурсамар  истифода барем, то ки зиндагии мардум хубтар шавад, зеро савдои наздисарҳадӣ маъмулан натанҳо як шакли ҳамкорӣ миёни мардуми минтақа аст, балки ҳамеша воситаи беҳбуди некӯаҳволии халқ низ мебошад, – гуфт мудири шуъбаи иқтисод ва савдои ҳукумати Исфара Собитҷон Умаров. – Дар навбати худ мо ҷиҳати аз байн бардоштани монеъаҳо дар роҳи рушди савдои барои тарафайн судманд кумак мекунем».

Дар навбати худ сардори департаменти кишоварзии ноҳияи Ботканд Абдипатта Пирназаров қайд кард, ки корро мебояд аз амалисозии тадбирҳо ҷиҳати рафъи садду монеъаҳо дар самти тиҷорати дуҷониба мебояд оғоз кард.

«Барои савдо мо молу маҳсулот ва имконият дорем ва ин тадбирҳо бояд ба муҳайё кардани ҷой ба соҳибкорон дар бозорҳо ва таъмини амнияти онҳо равона гардида, савдо метавонад барои барқарор кардани эътимод як пули пайвадкунандае гардад, ки имрӯз мардуми ҷамоатҳои мо ба он ниёз доранд», – иброз дошт ӯ.

Дар ҷараёни муколама доир ба таъсиси минтақаҳои савдои озод, ҷалби ҳарчи бештари истеҳсолкунандагон ба тиҷорат, тавсеъаи робитаҳо миёни кишвоварзон, ташкили бозорҳо дар макони ба ҳам пайвастани маҳаллаҳои аҳолинишин изҳори назар шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.