Қарзи умумии корхонаҳои Тоҷикистон ба 4 млрд. доллар наздик мешавад

Date:

Маблағи умумии қарзҳои корхонаву ташкилотҳои Тоҷикистон давоми соли 2016 ба миқдори 8,8 млрд. сомонӣ афзуда, ба аввали соли равон беш аз 30 млрд. сомонӣ (зиёда аз 3,8 млрд. доллар)-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, ба ҳолати 1 январи соли 2017 қарзи умумӣ аз рӯи уҳдадориҳои корхонаҳо (бе назардошти корхонаҳои тиҷорати хурд) 30 млрд. 17 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба аввали соли 2016 ба миқдори 8 млрд. 815 млн. сомонӣ зиёдтар аст.

Маблағи умумии зиёнҳои тавозунии корхонаҳо дар соли 2016 қариб 511 млн. сомониро ташкил дода, як сол пеш (соли 2015) ин нишондиҳанда ба беш аз 1,7 млрд. сомонӣ баробар буд.

Соли гузашта вазни хоси корхонаҳои зиёновар аз шумори умумии онҳо 28,7%-ро ташкил дода, аксари корхонаҳои зиёновар дар бахшҳои сохтмону хоҷагии анбордорӣ ва саноат фаъолият доштанд.

Миёни корхонаҳои давлатӣ дар мавриди ин масъала ширкати «Барқи тоҷик» дар вазъи душвортар қарор дошта, ба аввали соли ҷорӣ ҳаҷми умумии қарзҳои он ба 13,7 млрд. сомонӣ расидааст.

Дар робита ба ин вазъ, ҳукумати Тоҷикистон дар буҷети давлатӣ барои хароҷоти ғайричашмдошт фонди эҳтиётӣ ташкил карданист. Ба истилоҳ «болишти бехавф» аз ҳисоби воситаҳои корхонаҳои давлатӣ бо назардошти хатари имконпазири онҳо барои давлат рӯйи кор меояд.

«Ояндаи наздик ҷиҳати қонеъ намудани талаботи корхонаҳои давлатӣ ба маблағгузорӣ, ҳамчунин бо мақсади таъмини захираи кофӣ барои хароҷоти буҷет бунёди фонди эҳтиётӣ барои масрафоти ғайриинтизор зарур буда, воситаҳои он дар ҳолатҳои мудом аз ҷониби корхонаҳо иҷро нашудани уҳдадориҳои пардохти қарз истифода хоҳад шуд», – қайд мешавад дар Стратегияи идораи хатарҳои молиявии корхонаҳои давлатӣ то соли 2020, ки моҳи сентяри соли гузашта тасдиқ шудааст.

Вазорати молияи ҷумҳурӣ номгӯи дороиҳои молӣ ва уҳдадориҳои марбут ба қарзҳои сеҷониба: қарздеҳи хориҷӣ – ҳукумат – корхонаи давлатӣ, ҳамчунин шартномаҳо зери кафолати давлатӣ бо корхонаҳои давлатиро омода мекунад.

Ҳамин тариқ, корхонаҳое муайян карда хоҳанд шуд, ки барои ҳукумат хавфҳои имконпазир эҷод карда метавонанд ва мутаносибан ҳаҷми воситаҳое, ки корхонаҳо бояд ба фонди эҳтиётӣ гузаронанд, ҳисобу китоб мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон беш аз 890 корхонаҳои амалкунанда моликияти давлатӣ шуморида мешаванд. Ба ин шумор корхонаҳои зери моликияти ҳам мақомоти марказӣ ва ҳам маҳаллии ҳокимияи давлатӣ қарордошта шомил буда, ҳайату навъи фаъолияти корхонаҳои мазкур гуногунсоҳа мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...