Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2017»

Дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2017» идома дорад. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо такя ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, фестивал-озмун ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 100- солагии Ҳунарпешаи халқии СССР Тӯҳфа Фозилова бахшида шуда, он то 24 апрели соли равон идома меёбад. Гуфта […]

АМИТ «Ховар»

Дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2017» идома дорад.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо такя ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, фестивал-озмун ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 100- солагии Ҳунарпешаи халқии СССР Тӯҳфа Фозилова бахшида шуда, он то 24 апрели соли равон идома меёбад.

Гуфта мешавад, фестивал-озмун бо спектакли ҳунарпешагони Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ «Пизишки паррон», ба қалами Ж. Б. Молйер дар таҳияи Қурбони Собир оғоз гардид.

Қобили зикр аст, ки дар доираи кори ин фестивал-озмун то 24 апрел ҳамарӯза спектаклҳои беҳтарини театрҳои сарорсари ҷумҳурӣ намоиш дода мешаванд.

Зикр мегардад, ки фестивали «Парасту-2017» бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландмазмуни ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ ва анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ доир карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио