Фестивал-намоиши автомобилҳои коллексионии «Авто-ретро Душанбе»

Date:

Рӯзи шанбеи 6 май дар ҳудуди меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» ва «Кохи Наврӯз»-и пойтахт Фестивал-намоиши  панҷуми автомобилҳои коллексионии «Авто-ретро Душанбе» доир мегардад.

Мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ин робита, чорабинӣ ба муносибати ҷашни 72-солагии Рӯзи Ғалаба гузаронида шуда, он соати 08:00 оғоз ва соати 18:00 ба итмом мерасад.

Қобили зикр аст, ки дар намоиш автомашинаҳои нодири ҳам истеҳсоли Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА, ҳамчунин кишварҳои Аврупо низ ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Дар қарори худ раиси пойтахт ба хадамоти оташнишонӣ, ёрии таъҷилии тиббӣ ва раёсати нақлиёти шаҳр ҷиҳати таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳ ва амнияти шаҳрвандон дастур додааст.

Фестивал-намоиши  чоруми автомобилҳои коллексионии «Авто-ретро Душанбе» ба муносибати Рӯзи шаҳри Душанбе 24 апрели соли 2016 дар ҳудуди маркази савдои «Пойтахт 90» баргузор шуда буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...