Фестивал-намоиши автомобилҳои коллексионии «Авто-ретро Душанбе»

Рӯзи шанбеи 6 май дар ҳудуди меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» ва «Кохи Наврӯз»-и пойтахт Фестивал-намоиши  панҷуми автомобилҳои коллексионии «Авто-ретро Душанбе» доир мегардад. Мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ин робита, чорабинӣ ба муносибати ҷашни 72-солагии Рӯзи Ғалаба гузаронида шуда, он соати 08:00 оғоз ва соати 18:00 ба итмом мерасад. Қобили зикр аст, ки […]

Asia-Plus

Рӯзи шанбеи 6 май дар ҳудуди меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» ва «Кохи Наврӯз»-и пойтахт Фестивал-намоиши  панҷуми автомобилҳои коллексионии «Авто-ретро Душанбе» доир мегардад.

Мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ин робита, чорабинӣ ба муносибати ҷашни 72-солагии Рӯзи Ғалаба гузаронида шуда, он соати 08:00 оғоз ва соати 18:00 ба итмом мерасад.

Қобили зикр аст, ки дар намоиш автомашинаҳои нодири ҳам истеҳсоли Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА, ҳамчунин кишварҳои Аврупо низ ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Дар қарори худ раиси пойтахт ба хадамоти оташнишонӣ, ёрии таъҷилии тиббӣ ва раёсати нақлиёти шаҳр ҷиҳати таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳ ва амнияти шаҳрвандон дастур додааст.

Фестивал-намоиши  чоруми автомобилҳои коллексионии «Авто-ретро Душанбе» ба муносибати Рӯзи шаҳри Душанбе 24 апрели соли 2016 дар ҳудуди маркази савдои «Пойтахт 90» баргузор шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.