Peugeot ва JAC-и истеҳсоли Қазоқистон дар роҳҳои пойтахт

Миёни ширкати AllurGroup-и Қазоқистон ва ширкати «Холдинг Азия Групп Таджикистан» Ёддошт дар бораи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки мутобиқи он, 1 ҳазору 500 адад автомобилҳои навъи Peugeot (седан) ва 500 адад автомобилҳои навъи JAC S3 (кросовер)-и дар Қазоқистон васлу насбшуда ба Душанбе оварда мешаванд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ширкат, арзиши умумии қарордод дар ин […]

Asia-Plus

Миёни ширкати AllurGroup-и Қазоқистон ва ширкати «Холдинг Азия Групп Таджикистан» Ёддошт дар бораи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки мутобиқи он, 1 ҳазору 500 адад автомобилҳои навъи Peugeot (седан) ва 500 адад автомобилҳои навъи JAC S3 (кросовер)-и дар Қазоқистон васлу насбшуда ба Душанбе оварда мешаванд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ширкат, арзиши умумии қарордод дар ин бора 24 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, маросими баимзорасии ёддошт дар доираи вохӯрии ҳайати корхонаи фаръии ҶС «НУХ Байтерек»-и ширкати суғуртаи содиротии KazakhExport бо соҳибкорон ва роҳбарони мақомоти давлатии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои нақлиёт Қурбон Саидзода баргузор шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ширкат ният дорад, ки давоми соли 2018 интиқоли 1 ҳазору 500 адад автомобилҳои Peugeot 301 ва 500 адад автомобилҳои JAC S3-ро ба Душанбе анҷом диҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки ширкати «Холдинг Азия Групп Таджикистан» ба ҳамлу нақли бору маҳсулот тариқи автомобил ва нақлиёти ҳавоӣ машғул буда, автомобилҳои харидаро ширкат дар азнавсозии парки таксиҳои пойтахт истифода бурданист.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.