Боздошти бародари «террористи Стокголм» дар Самарқанд

Мақомоти қудратии Ӯзбекистон рӯзи 23 апрел Олим Оқилови 44-сола, бародари Раҳмат Оқилов – гумонбари ҳамлаи Стокголмро дар шаҳри Самарқанд боздошт карданд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, лар ин бора пайвандони Оқиловҳо хабар дода, изҳор доштаанд, ки эҳтимол вай бо бародараш ҳамдаст аст. “Олим рӯзҳои охир азоби руҳиро таҳаммул мекард, – нақл кардаанд пайвандони […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Мақомоти қудратии Ӯзбекистон рӯзи 23 апрел Олим Оқилови 44-сола, бародари Раҳмат Оқилов – гумонбари ҳамлаи Стокголмро дар шаҳри Самарқанд боздошт карданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, лар ин бора пайвандони Оқиловҳо хабар дода, изҳор доштаанд, ки эҳтимол вай бо бародараш ҳамдаст аст.

“Олим рӯзҳои охир азоби руҳиро таҳаммул мекард, – нақл кардаанд пайвандони Оқиловҳо. – Вай ният дошт барои иштирок дар додгоҳи бародараш ба Шветсия равад”.

Гуфта мешавад, Раҳмат Оқилови 39-сола 7 апрел дар маркази Стокҳглм бо мошини борбар ба пиёдагардон ҳамла карда, дар натиҷа чаҳор кас кушта ва 15 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Баъди чанд соати ҳодиса Раҳмат Оқилов, шаҳрванди Ӯзбекистон боздошт шуда, дар додгоҳ ба гуноҳаш иқрор кард.

Тавре нашрияи Expressen​ менависад, Раҳмат Оқилов дар бозпурсӣ гуфтааст, ки дастури ҳамларо аз ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" дарёфт кардааст. Мақомоти Шветсия низ дар рӯзи боздошти Оқилови дувум, дар Стокголм дар пайи амалиёти вижа як гумонбари дигари ҳамлаи теракти 7 апрелро боздошт карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.