Эмомалӣ Раҳмон низомии воломақоми ИМА-ро ба ҳузур пазируфт

Имрӯз дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Америка генерал Ҷозеф Л. Вотелро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Америка дар соҳаҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, ки ҳадафҳои муштараки саҳмгузорӣ дар таъмини амният ва суботи минтақа доранд, мавриди баррасӣ […]

Asia-Plus

Имрӯз дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Америка генерал Ҷозеф Л. Вотелро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Америка дар соҳаҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, ки ҳадафҳои муштараки саҳмгузорӣ дар таъмини амният ва суботи минтақа доранд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Гуфта мешавад, аз ҳамкории ниҳодҳои низомии Тоҷикистон бо Америка дар доираи барномаҳои «Дастгирии байналмилалии молиявӣ», «Ташаббуси глобалии сулҳофарӣ», «Таълими низомӣ», «Мубориза бо терроризми байналмилалию  гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир» ва фаъолияти Маркази миллии таълимии мубориза бар зидди терроризм ва маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, ҳарду ҷониб омодагию ҳавасмандии худро барои тақвияти бештари ҳамгироӣ дар ин самт таъкид намуданд.

Чонибҳо ҳамчунин барои вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар самти таҳкими иқтидору имконоти неруҳои марзбонии Тоҷикистон дар сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо назардошти афзоиши хатари терроризму экстремизми байналмилалӣ ва фаъолшавии гурӯҳои ҷинояткори муташаккил фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.