Шоҳдухтар Заҳро Оғо Хон ба Душанбе омад

Шоҳдухтар Заҳро Оғо Хон рӯзи 24 апрел бо сафари серӯзаи корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард. Зимни сафар ӯ бо ҷараёни татбиқи як қатор барномаҳо ва лоиҳаҳои Бунёди Оғо Хон оид ба рушд (AKDN), ки дар Тоҷикистон дар бахшҳои коҳиши камбизоатӣ, рушди иқтисодӣ, маориф ва тандурустӣ амалӣ мешаванд, аз наздик шинос хоҳад шуд. Тавре ба […]

Asia-Plus

Шоҳдухтар Заҳро Оғо Хон рӯзи 24 апрел бо сафари серӯзаи корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард. Зимни сафар ӯ бо ҷараёни татбиқи як қатор барномаҳо ва лоиҳаҳои Бунёди Оғо Хон оид ба рушд (AKDN), ки дар Тоҷикистон дар бахшҳои коҳиши камбизоатӣ, рушди иқтисодӣ, маориф ва тандурустӣ амалӣ мешаванд, аз наздик шинос хоҳад шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз AKDN дар ин робита иттилоъ доданд, дар доираи сафар ӯ ҳамчунин бо намояндагони расмии ҳукумат ва раҳбарияти AKDN дар Тоҷикистон низ дидору гуфтушунид мекунад.

Шоҳдухтар Заҳро Оғо Хон духтари Волоҳазрат Шоҳзода Карим Оғо Хони IV – муассис ва раиси AKDN аст. Ӯ ҳамчунин узви Шӯрои мудирони Бунёди Оғо Хон оид ба рушд буда, ваколат ва масъулиятҳои ӯ аз раҳбарӣ ва таҳияи сиёсат дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ иборатанд. Ғайр аз ин, шоҳдухтар дар таҳияи сиёсат ва стратегияи марбут ба дигар агентиҳои Бунёд низ иштирок мекунад.

Ёдрас мекунем, ки чанд рӯз қабл пешвои маънавии исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Карим Оғохони IV ба Маскав ташриф оварда, бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дидору гуфтушунид кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.