Ҳабси наздики 10 нафар кормандони Агентии зиддифасод

Наздики 10 нафар кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба ҳабс гирифта шудаанд, ки миёни онҳо сардори Раёсати тафтишоти Агентӣ Фирӯз Холмуродов низ ҳузур дорад. Бино ба маълумоти манбаъҳои «Азия-Плюс» дар Прокуратураи генералӣ ва Агентии зиддифасод, амалиёти муштараки хадамоти махсуси Тоҷикистон дар ин самт аллакай муддати як ҳафта […]

Asia-Plus

Наздики 10 нафар кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба ҳабс гирифта шудаанд, ки миёни онҳо сардори Раёсати тафтишоти Агентӣ Фирӯз Холмуродов низ ҳузур дорад.

Бино ба маълумоти манбаъҳои «Азия-Плюс» дар Прокуратураи генералӣ ва Агентии зиддифасод, амалиёти муштараки хадамоти махсуси Тоҷикистон дар ин самт аллакай муддати як ҳафта идома дорад.

Айни замон Холмуродов дар содир кардани ҷиноятҳо тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – сохтакории ҳуҷҷатҳо ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ гумонбар дониста мешавад. Чанде қабл барои ҳабси боздоштшудаҳо иҷоза гирифта шудааст.

Дар Агентии зиддифасод аз шарҳи сабаби ҳабси кормандонашон бо баҳонаи аллакай як ҳафта пеш аз мансаб барканор шудани онҳо худдорӣ мекунанд. Дар бораи сабаби аз кор озод шудани онҳо низ маълумот намедиҳанд.

Парвандаи ҷиноӣ нисбати Холмуродов ва дигар ҳабсшудагонро гурӯҳи тафтишотии Прокуратураи генералӣ ба уҳда дорад. Ҳабсшудагони дигар низ ба сохтакории ҳуҷҷатҳо ва порагирӣ муттаҳам дониста мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти манбаъҳои “Азия-Плюс”, дар рӯйхати аввали боздоштшудагон ному насаби боз ду нафар кормандони Агентии зиддифасод низ ҷой  доштааст, аммо баъдан онҳо миёни ҳабсшудагон ҳузур надоштаанд. Рақами телефонҳои онҳо ҳанӯз ҳам дастнорас аст.

Тибқи баъзе маълумот, ҳабси кормандони Агентии зиддифасод ба парвандаи ҷиноӣ нисбат ба собиқ сардори Раёсати сохтмони асосӣ (УКС)-и мақомоти шаҳрдории Душанбе Саидшариф Анваровмарут аст, ки ҳафтаи гузашта суди шаҳри Душанбе ӯро ба муҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки соли 2013, замони нисбати собиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов боз шудани парвандаи ҷиноӣ ному насаби Фирӯз Холмуродов расонаӣ шуд. Холмуродов гурӯҳи тафтишотии ин парвандаро роҳбарӣ мекард. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.