Синнусоли нафақаи низомиёни тоҷикро боло бурданд

Date:

Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба қонун «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» тағйироту иловаҳо ворид шуд.

Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо қайд кард, ки мувофиқи тағйироту иловаҳо ба қонуни ҶТ «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёнӣ ҳарбӣ», акнун собиқаи корӣ барои баромадан ба нафақа ба ҷои 20 соли пешина 25 солро ташкил дода, «аз ин рӯ, зарурати боло бурдани синнусоли нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ пеш омад».

Ба гуфтаи вазири мудофиа, дар тағйироту иловаҳо боло бурдани синнусоли ҳадди ниҳоии нафақа барои генерал-полковникҳо – аз 60 то ба 63 солагӣ, генерал-лейтенант ва генерал-майорҳо – аз 55 то 58-солагӣ, полковникҳо – аз 50 то 53-солагӣ ва дигар рутбаҳои ҳарбӣ – аз 45 то 48-солагӣ пешниҳод шудааст.

Вакили парлумон Саймиддин Сафаров зикр кард, ки тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда ба сарфаи маблағҳои буҷет мусоидат мекунанд. Ӯ таъкид дошт, ки айни замон беш аз 20 ҳазор нафар собиқ хизматчиёни ҳарбӣ бо нафақа таъмин мешаванд, ки синнусоли онҳо ба ҳисоби миёна 38-40-соларо ташкил медиҳад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...