ХФА 12 террористи эҳтимолии зодаи ОМ-ро дар Калиниград дастгир кард

Мақомоти амниятии Русия рӯзи 26 апрел 12 нафарро дар шаҳри Калининград ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо як гурӯҳи тундрави исломӣ боздошт кардаанд. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ин боздоштҳо дар ҳоле сурат гирифт, ки худи ҳамон рӯз Хадамоти амниятии Русия (ХФА) эълон кард, ки ду гумонбар ба ҷонибдорӣ аз гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ", ки қасди тарҳрезии […]

Радиои Озодӣ

Мақомоти амниятии Русия рӯзи 26 апрел 12 нафарро дар шаҳри Калининград ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо як гурӯҳи тундрави исломӣ боздошт кардаанд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ин боздоштҳо дар ҳоле сурат гирифт, ки худи ҳамон рӯз Хадамоти амниятии Русия (ХФА) эълон кард, ки ду гумонбар ба ҷонибдорӣ аз гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ", ки қасди тарҳрезии як ҳамлаи бузург дар Шарқи Дури Русияро доштанд, боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, Хадамоти федеролии амниятии Русия гуфтааст, ки 12 боздоштшуда дар шаҳри Калинингарда бо гурӯҳи "Ҷиҳоди исломӣ- Ҷамоати Муҷоҳиддин" ҳамкорӣ дошта ва зодагони Осиёи Марказӣ (ОМ) мебошанд. Гуфта мешавад, ки имкон дорад онҳо дар фаъолиятҳои низомӣ даст дошта бошанд.

Ба гуфтаи манбаъ, раҳбари ин шабака аз сӯи мақомоти Узбакистон барои ҷиноятҳои тундгароӣ, мавриди ҷустуҷӯ қарор доштааст. Хадамоти федеролии амнияти Русия мегӯяд, ки дар назар аст дар ояндаи наздик афроди боздоштшуда барои муҳокима ба кишварҳояшон истирдод шаванд.

Қобили зикр аст, ки Калининград дар марзи Лаҳистон ва Литва ҷойгир буда ва яке аз шаҳрҳои муҳими низомии Русия дар ғарби он кишвар ба шумор меравад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.