Русия маҳдудиятҳоро нисбати «Сомон Эйр» бекор кард

Дар гуфтушунидҳои чанде қабл миёни мақомоти авиатсионии Тоҷикистону Русия дар пойтахти Русия маҳдудиятҳои аз 3 апрел ҷоришуда нисбати ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии «Сомон Эйр» оид ба парвози ҳавопаймоҳояш ба Маскав бекор карда шуданд. «Ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки маҳдудиятҳо оид ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Сомон Эйр» бекор карда шуда, ба ширкат ҷиҳати анҷоми ҳамаи парвозҳои қаблан […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар гуфтушунидҳои чанде қабл миёни мақомоти авиатсионии Тоҷикистону Русия дар пойтахти Русия маҳдудиятҳои аз 3 апрел ҷоришуда нисбати ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии «Сомон Эйр» оид ба парвози ҳавопаймоҳояш ба Маскав бекор карда шуданд.

«Ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки маҳдудиятҳо оид ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Сомон Эйр» бекор карда шуда, ба ширкат ҷиҳати анҷоми ҳамаи парвозҳои қаблан бекоршуда ба Маскав иҷозат дода шавад», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҶТ, вале аз ифшои ҷузъиёти бештари ин масъала худдорӣ варзиданд.

Дар худи ширкати ҳавопаймоӣ низ ба шарҳу тавзеҳи ин масъала омода нестанд, зеро то ҳол огоҳиномаи расмӣ дар бораи бекор шудани маҳдудиятҳо барои парвоз ба пойтахти Русияро нагирифтаанд.

Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон низ дар бораи таъини ширкати дуюми ҳавопаймоӣ аз ҷониби Русия ҷиҳати иҷозаи парвоз аз фурудгоҳи Жуковский маълумот надоданд. Дар ин бора қаблан ВАО-и Русия хабар дода буд.

Дар Вазорат изҳор намуданд, ки миёни ҷонибҳо баъзе масъалаҳои ҳалношуда боқӣ мондаанд, ки зимни гуфтушунидҳои дар моҳҳои июн ва июл пешбинишуда баррасӣ мешаванд. «Мақомоти авиатсионии ҳарду кишвар тавофуқ ҳосил намуданд, ки ҳамаи масъалаҳоро давра ба давра ҳал мекунанд», – гуфтанд дар Вазорати нақлиёти ҶТ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 28 апрел дар Маскав гуфтушунидҳои мақомоти авиатсионии Русия ва Тоҷикистон ба итмом расиданд. Ҳайати Тоҷкистонро дар ин гуфтушунидҳо муовини вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода роҳбарӣ кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст