Шаҳрдории Душанбе аз сокинони пойтахт кумак мехоҳад

Мақомоти шаҳрдории Душанбе сокинони фаъолу ташаббускори пойтахт, намояндагони илм ва тиҷоратро ба иштирок дар таҳияи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025 даъват мекунад. Дар маълумоти дар ин робита интишоршуда дар сомонаи шаҳрдорӣ қайд мешавад, ки бар асоси қарори раиси пойтахт аз 5 апрел таҳияи барномаи зикршуда аз ҷониби гурӯҳи корӣ […]

Asia-Plus

Мақомоти шаҳрдории Душанбе сокинони фаъолу ташаббускори пойтахт, намояндагони илм ва тиҷоратро ба иштирок дар таҳияи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025 даъват мекунад.

Дар маълумоти дар ин робита интишоршуда дар сомонаи шаҳрдорӣ қайд мешавад, ки бар асоси қарори раиси пойтахт аз 5 апрел таҳияи барномаи зикршуда аз ҷониби гурӯҳи корӣ оғоз гардидааст.

«Аз ин лиҳоз бо дарназардошти фикру мулоҳиза ва  таклифҳои созандаи сокинони шаҳр ва ба вуҷуд овардани шароити мусоид ҷиҳати бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешниҳодҳои созанда ва креативии сокинони шаҳрро ба Гурӯҳи корӣ тариқи почтаи электронии [email protected] ё бо телефони 987 – 96 – 00 – 00 хоҳиш менамоем», – омадааст дар маълумот.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.