Духтари тоҷик Сафири Фахрии Сулҳ шуд

Date:

Ёсуман Холова, моделдухтари тоҷикро симои расмии ширкати SRT-и Кореяи Ҷанубӣ интихоб карданд. Ба ӯ ҳамчунин сертификати Сафири Сулҳ супурда шуд.

Ёсуман Холоваи 19-сола дар қатори боз 5 нафар иштирокчиёни озмуни касбии зебоӣ ва истеъдоди Miss SuperTalent of the World симои расмии ширкати SRT – қатораҳои зудҳаракаттарин (эспресс-поезд)-и Кореяи Ҷанубӣ интихоб шуд.

МЕДИА (IFRAME)

Директори New Era Model Studio Ниссо Қаюмова, ки Ёсуманро дар сафар ҳамроҳӣ мекунад, дар саҳифаи худ хабар додааст, ки дар вазъи тантанавӣ ба Ёсуман Холова сертификати Сафири Сулҳро тақдим кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 23 апрел дар Сеул мавсими 8-уми озмуни касбии ҷаҳонии зебоӣ ва истеъдод – Miss SuperTalent of the World оғоз гардид, ки соли равон бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷараён дорад. Тоҷикистон бори дуюм дар ин озмуни иштирок карда, имсол кишвари моро модели 19-сола Ёсуман Холова намояндагӣ мекунад.

Қобили зикр аст, ки нимаи моҳи марти соли равон дар Чин озмуни зебоӣ ва истеъдоди «Miss Oriental Tourism Pageant 2017» баргузор шуд, ки аз 60 кишвари ҷаҳон иштирокчиёни синни аз 18 то 26-соларо гирдиҳам овард. Тоҷикистонро дар ин озмуни модели агентии «Новая Эра» Ёсуман Холова намояндагӣ карда, баъди намояндаи Португалия Ана Коаудия Орнелас Бомфим (Ana Claudia Ornelas Bomfim) зинаи дуюмро ишғол намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...