ВКД ронанда-донишҷӯёни қонуншиканро номбар кард

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сомонаи расмиаш рӯйхати донишҷӯёнеро, ки тайи 4 моҳи охир қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накардаанд, ба нашр расонид. Ҳамаи онҳо ба дарсҳо бо автомашинаҳояшон меомадаанд. Қоидавайронкуниҳои онҳо асосан аз баланд кардани суръати ҳаракати автомашина, бо телефон суҳбат кардан ҳангоми рондани автомобил, бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ сари чанбарак нишастан ва ғайра иборат […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сомонаи расмиаш рӯйхати донишҷӯёнеро, ки тайи 4 моҳи охир қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накардаанд, ба нашр расонид. Ҳамаи онҳо ба дарсҳо бо автомашинаҳояшон меомадаанд.

Қоидавайронкуниҳои онҳо асосан аз баланд кардани суръати ҳаракати автомашина, бо телефон суҳбат кардан ҳангоми рондани автомобил, бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ сари чанбарак нишастан ва ғайра иборат аст.

Қобили зикр аст, ки ин рӯйхатро вазорат дарҳол баъди аз ҷониби президенти мамлакат дастур додан ҷиҳати тақвияти масъулияти интизомӣ миёни падару модарон ва кӯдакони онҳо чоп кард.

Зимни суханронӣ дар маҷлиси ҳукумат рӯзи 27 апрел президент аз рафти иҷро ва риояи қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон», бахусус аз ҷониби мансабдорон нигаронӣ изҳор намуд.

Сарвари давлат он замон зикр карда буд, ки дар аксар ҳолат вайронкунандагони талаботи қонунҳои амалкунанда шахсони мансабдор, аъзои ҳукумат, вакилони маҷлиси намояндагон ва хизматчиёни давлатӣ, инчунин фарзандону наздикони онҳо буда, берун аз муқаррароти ҷорӣ худсарона маъракаҳои дабдабанок мегузаронанд, талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд ва барои ба муассисаҳои таълимӣ бо мошинҳои гаронарзиш рафтани фарзандонашон монеъ намешаванд.

Вобаста ба ин Эмомалӣ Раҳмон таъмини қатъии талаботҳои қонунҳои амалкунандаи мамлакатро талаб намуда, ба масъулини дахлдор ҷиҳати ба танзим даровардан ва мувофиқ ба талаботи қонун гузаронидани ҳама гуна маъракаҳои мардумӣ ва ҷашну маросимҳои миллӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, хусусан аз ҷониби мансабдорон, пӯрзур намудани ҷавобгарии интизомӣ ва нишондиҳандаҳои ҷаримаҳои маъмурӣ нисбати вайронкунандагони қонун, падару модарон ва фарзандони онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Таъкид гардид, ки минбаъд дар ҳолати аз ҷониби аъзои ҳукумати ҶТ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ, фарзандон, пайвандон ва хешовандони наздики онҳо такрор шудани қонунвайронкуниҳо татбиқи ҷазо то аз вазифа озод кардани хизматчиёни давлатӣ ва аз макотиби олӣ хориҷ кардани фарзандони онҳо амалӣ карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.