Тафтиши ҳодисаи кордкашии ҷавонони пойтахт дар арафаи анҷомёбист

Тафтиши ҳодисаи кордкашӣ миёни ҷавонони маҳаллаҳои 102 ва 103-юми шаҳри Душанбе, ки бар асари он ду нафар ҷавон ба ҳалокат расиданд, дар арафаи анҷомёбист. Дар ин парванда 13 нафар ҳузур доранд. Парванда мутобиқи моддаи 104-и КҶ ҶТ «Одамкушӣ» баррасӣ мешавад. Дар Прокуратураи генералии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки моҳи март муҳлати […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Тафтиши ҳодисаи кордкашӣ миёни ҷавонони маҳаллаҳои 102 ва 103-юми шаҳри Душанбе, ки бар асари он ду нафар ҷавон ба ҳалокат расиданд, дар арафаи анҷомёбист. Дар ин парванда 13 нафар ҳузур доранд. Парванда мутобиқи моддаи 104-и КҶ ҶТ «Одамкушӣ» баррасӣ мешавад.

Дар Прокуратураи генералии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки моҳи март муҳлати тафтиши ин парванда боз 2 моҳ дароз шуд, то ки ҳамаи ҳолатҳои ҳодиса, аз ҷумла мусалалҳ будани киҳо бо чӯбҳову арматура ва корд, аз ҷониби киҳо зарба задан бо пойҳо ва ба сурати умум нақши ҳар кадоме дар ин занозанӣ муайян карда шавад.

Айни замон тафтиши парвандаи мазкур дар арафаи анҷомёбӣ буда, дар Прокуратураи генералӣ ваъда доданд, ки баъдтар доир ба тамоми ҷузъиёти он маълумот медиҳанд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли равон бар асари муноқишаву занозанӣ байни толибилмони се мактаби шаҳри Душанбе дар яке аз интернет-кафеҳои микрорайони 103-юм ду тан аз хонандагон аз захми корд ҳалок шуданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.