Автомашина рамаи гӯсфандонро пахш кард

Бо айби як ронандаи ҷавон 54 сар гӯсфанд талаф ёфта, боз ҳудуди 40 сари дигар ҷароҳат бардоштааст. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД ҶТ, ин ҳодиса нимашаби рӯзи 9-уми май дар роҳи мошингардаи Ёвон – Ваҳдат, дар ҳудуди деҳаи Бӯстон рух додааст. «Ронандаи автомашинаи тамғаи «Хова», марди 23-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ҳангоми ҳаракат аз самти […]

Asia-Plus

Бо айби як ронандаи ҷавон 54 сар гӯсфанд талаф ёфта, боз ҳудуди 40 сари дигар ҷароҳат бардоштааст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД ҶТ, ин ҳодиса нимашаби рӯзи 9-уми май дар роҳи мошингардаи Ёвон – Ваҳдат, дар ҳудуди деҳаи Бӯстон рух додааст.

«Ронандаи автомашинаи тамғаи «Хова», марди 23-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ёвон ба самти шаҳри Ваҳдат бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, рамаи гӯсфандонро, ки ба марди 58-солаи сокини шаҳри Ваҳдат тааллуқ дорад, пахш намудааст», – омадааст дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, дар натиҷа, 94-сар гӯсфанд ҷароҳат бардошта, аз онҳо 54-сар гӯсфанд талаф ёфтааст.

Зимнан зикр мегардад, ки таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.