Сардори Бюрои федеролии тафтишоти ИМА аз мақомаш барканор шуд

Раҳбари Бюрои федеролии тафтишоти ИМА ё FBI Ҷеймс Комӣ баъди як рӯзи ҷаласаи зеркумитаи ҳуқуқии Сенати Амрико оид ба парвандаи робитаи ёвари пешини президент Трамп дар умури амнияти миллӣ Майкл Флинн бо сиёсатмадорони рус, аз мақомаш барканор шуд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, масъалаи дахолати эҳтимолии Русия дар маъракаҳои интихоботи президентии Амрико низ […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Раҳбари Бюрои федеролии тафтишоти ИМА ё FBI Ҷеймс Комӣ баъди як рӯзи ҷаласаи зеркумитаи ҳуқуқии Сенати Амрико оид ба парвандаи робитаи ёвари пешини президент Трамп дар умури амнияти миллӣ Майкл Флинн бо сиёсатмадорони рус, аз мақомаш барканор шуд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, масъалаи дахолати эҳтимолии Русия дар маъракаҳои интихоботи президентии Амрико низ ҳамзамон баррасӣ шуд. Иштирок дар санҷиши шуъбаҳои гуногуни маъмурияти ИМА-ро Ҷеймс Комӣ ҳамоҳанг мекард.

Гуфта мешавад, Трамп дар изҳороти худ қайд кард, ки барканории Комӣ барои Бюрои федеролии тафтишот "оғози нав"-е хоҳад буд. Дар Кохи сафед гуфтанд, ки ҷустуҷӯи сардори навро барои бюро фавран оғоз мекунанд. Комӣ аз соли 2013 ба ин сӯ раҳбари бюрои мазкур буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.