Қадрдонии Ҳошим Гадоев бо унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон

Бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои офариниши асарҳои баландмазмуни бадеӣ, спектаклҳо, хизматҳо дар тайёр намудан ва тарбияи кадрҳои эҷодӣ Ҳошим Гадоев – ҳунарпеша ва режиссёри муассисаи давлатии «Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ»-и Вазорати фарҳанги ҶТ бо унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, […]

Asia-Plus

Бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои офариниши асарҳои баландмазмуни бадеӣ, спектаклҳо, хизматҳо дар тайёр намудан ва тарбияи кадрҳои эҷодӣ Ҳошим Гадоев – ҳунарпеша ва режиссёри муассисаи давлатии «Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ»-и Вазорати фарҳанги ҶТ бо унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, унвони фахриро ба Ҳошим Гадоев, ки 80-солагиашро ҷашн мегирад, шахсан Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуд.

Гуфта мешавад, Ҳошим Гадоев зиёда аз 50 сол аст, ки дар рушду нумуи санъати тоҷик, офаридани асарҳои баландмазмун дар саҳнаҳои театр ва кино маҳбуби натанҳо мардуми тоҷик, балки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҳунарманди камназиру нотакрор муаррифӣ гардидааст.

Гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» устоди ҳунар, соҳибҷашн Ҳошим Гадоевро бо ин санаи фархунда самимона табрику таҳният гуфта, тани сиҳату хотири ҷамъ, умри дароз ва комёбиҳои нави эҷодӣ орзу мекунад!

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.