Медали биринҷии гуштигири тоҷик дар Чемпионати Осиё

Бахтовар Ҳасанов, варзишгари тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба намудҳои гуштин дар намуди гуштини юнонӣ-румӣ медали биринҷӣ ба даст овард. Чемпионати Осиё оид ба намудҳои гуштин 10 май дар пойтахти Ҷумҳурии Ҳиндустон – шаҳри Деҳлӣ шуруъ шуд, ки то 14 май идома меёбад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҶТ, Бахтовар дар нахустин […]

Asia-Plus

Бахтовар Ҳасанов, варзишгари тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба намудҳои гуштин дар намуди гуштини юнонӣ-румӣ медали биринҷӣ ба даст овард. Чемпионати Осиё оид ба намудҳои гуштин 10 май дар пойтахти Ҷумҳурии Ҳиндустон – шаҳри Деҳлӣ шуруъ шуд, ки то 14 май идома меёбад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҶТ, Бахтовар дар нахустин рақобаташ дар вазни 75 кило Рай Ҳаяшии ҷопонро бо ҳисоби 12:4 шикаст дод. Дар чорякфинал аз Десунг Парки кореягӣ, ки дар ин вазн медали нуқра гирифт, бо ҳисоби 0:8 шикаст хурд.

Бахтовар сипас барои ҷои сеюм бар Ю-Чинг Чени тайбейӣ ғалаба кард – 8:0. Дар вазни 75 кило Мақсад Эрежапови қазоқистонӣ ғолиб омад. Бин Янги чинӣ низ соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Дар рӯзи аввали чемпионат рақобатҳо оид ба гуштини юнонӣ-румӣ дар 5 вазн – 66 кило, 75 кило, 80 кило, 91 кило ва 130 кило баргузор шуд. Ду варзишгари дигари мо – Суҳроб Абдулҳаев (вазни 80 кило) ва Азиз Зарипов (98) аз медал маҳрум монданд.

Рақобатҳо дар намуди гуштини юнонӣ-румӣ аз рӯи 3 вазн – 59, 71, 85 миёни мардон ва ду вазн – 63, 75 миёни занон сурат мегирад. Дар вазнҳои 59 ва 71 кило варзишгарони Тоҷикистон – Рӯзадор Ҷуганиев ва Суҳроб Ҳоҷиев ба майдон мебароянд.

https://www.youtube.com/watch?v=PhKiaMBVr8Q

Рақобатҳо дар намуди гуштини озод 12 май оғоз мегардад.

Шарафи варзиши ҷумҳурии моро дар ин чемпионат 13 нафар варзишгар аз рӯи намудҳои гуштини озод ва юнонӣ-румӣ ҳимоя мекунанд: Ҷамшед Шарифов (вазни 57 кило), Абдулқосим Файзиев (61), Амирҷони Саидҷон (65), Ғуломҷон Шарифов (70), Салимҷон Ҳалимзода (74), Баҳодур Қодиров (86), Искандари Рустам (97), Фарҳод Анақулов (125) дар намуди гуштини озод; Рӯзадор Ҷуганиев (59), Суҳроб Ҳоҷиев (71), Бахтовар Ҳасанов (75), Суҳроб Абдулҳаев (80) ва Азиз Зарипов (98) дар намуди гуштини юнонӣ-румӣ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.