Сокини Бишкек 44 кг симобро дар Суғд фурӯхтанӣ шудааст

Кормандони милитсия сокини пойтахти Қирғизистонро ба гумони даст доштан дар кӯшиши фурӯши беш аз 44 кило симоб дар вилояти Суғд боздошт намуданд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ШВКД дар шаҳри Истаравшан далели муомилоти ғайриқонунии моддаҳои заҳрноки навъи «симоби металӣ»-ро ошкор намудаанд. «Шаҳрванди Қирғизистон Касимбаев Бактибек Уркасимович ҳаракатҳои […]

Asia-Plus

Кормандони милитсия сокини пойтахти Қирғизистонро ба гумони даст доштан дар кӯшиши фурӯши беш аз 44 кило симоб дар вилояти Суғд боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ШВКД дар шаҳри Истаравшан далели муомилоти ғайриқонунии моддаҳои заҳрноки навъи «симоби металӣ»-ро ошкор намудаанд.

«Шаҳрванди Қирғизистон Касимбаев Бактибек Уркасимович ҳаракатҳои ҷинояткоронаи худро дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров содир намуда, дар ду навбат зарфҳои шишагин ва пластикии дар дохилаш маводи моеъи ҷилодиҳандаи нуқрагинро ба муомилот баровардааст», – омадааст дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, дастгиршуда дар маҷмӯъ 44 670 (чилучор килограмму шашсаду ҳафтод) грамм моддаи заҳрноки навъи «симоби металӣ»-ро ба фурӯш бароварда, бар ивази ҳар як килограми он 45 доллари ИМА талаб намудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳаракатҳои Касимбаев Б.У. таркиби ҷинояти пешбиникардаи моддаи 206 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷой дошта, дар асоси ҳамин модда нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.