Дар наздикии кӯли Сарез заминларза рух дод

Субҳи имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон, 23 километр дуртар аз кӯли Сарез заминларза рух дод. Бино ба маълумоти Пажӯҳишгоҳи зилзиласанҷии ҷумҳурӣ, таконхӯрии замин соати 07:48 дақиқаи субҳ ба қайд гирифта шуда, маркази он дар 357 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 23 километрии шарқи кӯли Сарез воқеъ будааст. Гуфта мешавад, дар маркази заминларза қуввваи он – […]

Asia-Plus

Субҳи имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон, 23 километр дуртар аз кӯли Сарез заминларза рух дод.

Бино ба маълумоти Пажӯҳишгоҳи зилзиласанҷии ҷумҳурӣ, таконхӯрии замин соати 07:48 дақиқаи субҳ ба қайд гирифта шуда, маркази он дар 357 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 23 километрии шарқи кӯли Сарез воқеъ будааст.

Гуфта мешавад, дар маркази заминларза қуввваи он – 4 балл ва дар кӯли Сарез – 3 баллро ташкил додааст. Талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.

Қобили зикр аст, ки давоми ҳафтаи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон чандин маротиба таконхӯрии шадиди замин ба қайд гирифта шуд.

Ҳамин тариқ, рӯзи 3 май дар қаламрави ноҳияи Лахш дар муддати як дақиқа якбора ду заминларза рух дода, қувваи он дар марказ 6 баллро ташкил дод. Як рӯз баъд дар ҳамин қаламрав боз як заминларзаи қувваш дар марказ 5 балл ба қайд гирифта шуд. Рӯзи дигар, 5 май низ боз дар ноҳияи Лахш заминларза бо қувваи 6 балл дар марказаш сабт шуд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, бар асари ин заминларзаҳо дар деҳаи Саргойи ҷамоати Олғаи ноҳияи Лахш ду манзил осеб дидаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.