Фарҳанги тоҷикон дар Туркманистон муаррифӣ мешавад

Бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангии байни Тоҷикистон ва Туркманистон, инчунин муаррифии санъат ва фарҳанги тоҷик аз 27 май то 2 июни соли 2017 дар Ҷумҳурии Туркманистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, дар доираи рӯзҳо баргузории барномаи консертӣ, намоишҳои санъати тасвирӣ ва аксҳои «Тоҷикистони муосир», муд ва […]

Дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ

Бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангии байни Тоҷикистон ва Туркманистон, инчунин муаррифии санъат ва фарҳанги тоҷик аз 27 май то 2 июни соли 2017 дар Ҷумҳурии Туркманистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, дар доираи рӯзҳо баргузории барномаи консертӣ, намоишҳои санъати тасвирӣ ва аксҳои «Тоҷикистони муосир», муд ва либосҳои миллӣ, «Китоби Тоҷикистон ва филмҳои тоҷикӣ дар назар аст.

Роҳбарии ҳайати расмии Рӯзҳоро муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон Давлатзода Зевар дар ӯҳда дошта, ба барномаи консертӣ бозёфтҳои эҷодии Ансамбли рақсии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев, сарояндаи опера Шарофат Усмонова, овозхонҳои Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Ситораи Кароматулло ва Хуршед Иброҳимов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Парвин Юсуфӣ, сароянда ва мутриб Бахтиёр Баёнӣ шомиланд.

Иштирокчиёни рӯзҳо дар пойтахти Туркманистон шаҳри Ашхобод ва дигар мавҳзеъҳои ин кишвар барномаҳои ҷолиби консертиро, ки иборат аз сурудҳои классикӣ, эстрадӣ ва опера, рақсҳои гуногун, инчунин сурудҳои эстрадии тоҷикӣ ва туркманӣ аст, манзури тамошобинони кишвари ба мо дӯст менамоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.