Hello, Pope!: нахустин мулоқоти Трамп бо Попи Рум

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп нахустин мулоқоташро бо Поп Франсис рӯзи чоршанбе дар Ватикан анҷом дод. Мулоқоти онҳо 30 дақиқа идома дошт. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, баъди сӯҳбати хусусӣ бо Поп, Трамп ва ҳамсари ӯ Меланиа , намояндагони дигари хонаводаи президент, Котиби Давлатии Амрико Рекс Тиллерсон ва Мушовири амнияти миллии Кохи Сафед Макмастер барои […]

Радиои Озодӣ

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп нахустин мулоқоташро бо Поп Франсис рӯзи чоршанбе дар Ватикан анҷом дод. Мулоқоти онҳо 30 дақиқа идома дошт.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, баъди сӯҳбати хусусӣ бо Поп, Трамп ва ҳамсари ӯ Меланиа , намояндагони дигари хонаводаи президент, Котиби Давлатии Амрико Рекс Тиллерсон ва Мушовири амнияти миллии Кохи Сафед Макмастер барои фурсати як акси таърихӣ ҷамъ шуданд.

Дар Рум ҳамчунин Трамп бо президенти Италия Серҷио Маттарелла ва нахуствазир Паоло Ҷентилонӣ мулоқот кард.

Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 23 май аз Исроил ва Каронаи ғарбии рӯди Урдун ба Италия рафт. Ӯ дар он ҷо гуфт, ки агар Исроил ва Фаластин ба тавофуқ бирасанд, раванди сулҳ дар саросари Ховари Миёна оғоз хоҳад шуд.

Трамп нахустин силсилаи сафарҳояш ба хориҷи кишварро рӯзи 21 май аз Арабистони Саудӣ оғоз кард ва дар нишасти раҳбарони кишварҳои мусалмонӣ иштирок намуд.

Баъдан Трамп барои гуфтугӯ бо раҳбарони Иттиҳоди Аврупо ва НАТО озими шаҳри Брюссел мешавад. Трамп имрӯз барои иштирок дар саммити бузургтарин кишварҳои пешрафтаи саноатии "Ҳафтгонаи бузург" дубора ба Итолиё бар мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan — 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.