Дар обанбори Қайроққум 2 ноболиғ ва 1 хизматчии ҳарбӣ ғарқ шуданд

Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд аз дарёфти ҷасади ду ноболиғ ва як прапоршики 23-сола дар соҳили “Баҳри тоҷик” хабар медиҳад, ки рӯзҳои 20 ва 21 май ғарқ шудаанд. Шаҳзода Буттаева, сухангӯи Ситод дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ноболиғони фавтида бародарон Сардор Боймуродови 8-сола ва Марат Боймуродови 13-сола, сокининони деҳаи Дашқарантоғи шаҳри Конибодом будаанд: “Бародарон рӯзи […]

Хабаргузории "Озодагон"

Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд аз дарёфти ҷасади ду ноболиғ ва як прапоршики 23-сола дар соҳили “Баҳри тоҷик” хабар медиҳад, ки рӯзҳои 20 ва 21 май ғарқ шудаанд.

Шаҳзода Буттаева, сухангӯи Ситод дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ноболиғони фавтида бародарон Сардор Боймуродови 8-сола ва Марат Боймуродови 13-сола, сокининони деҳаи Дашқарантоғи шаҳри Конибодом будаанд: “Бародарон рӯзи 20 май ҳангоми чаронидани чорво дар соҳили “Баҳри тоҷик” ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд. Онҳо соати 14:00 ғарқ шудаанд, аммо ба ситод дер хабар расид ва ҷасади аввалиро соати 19:00 пайдо карданд”.

Хонум Буттаева афзуд, ҷавони 23-сола прапоршики яке аз қисмҳои низомии Суғд буда, рӯзи 21 май дар мавзеи обутобгоҳи кӯли “Лангар”-и шаҳри Гулистон ғарқ шудааст: “Прапоршик сару либосашро ба назди кӯл монда, ғайб задааст. Соати 20:05 шаби рӯзи якшанбе ҷасадаш аз мавзеи обутобгоҳ дарёфт шуд”.

Ба иттилои манбаъ, ӯ сокини ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомии вилояти Хатлон будааст.

Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд аз сокинон ва меҳмонони шимоли кишвар даъват мекунад, дар ҷойҳои манъшуда оббозӣ накунанд ва “ҳангоми сархушу сармаст будан ба об надароянд”.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.