Талафоти ҷонӣ дар таркиш назди сафорати Олмон дар Афғонистон

Date:

Дар мавзеи намояндагиҳои дипломатии шаҳри Кобул таркиши шадид рух дод.

Бино ба иттилои DW, бар асари таркиши автомашинаи мингузоришуда на камтар аз 10 нафар ҳалок ва беш аз 60 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Ғайр аз ин, ҳудуди 60 автомобил оташ гирифта, дар масофаи 1 километр шишаи тирезаву даромадгоҳи дӯкону биноҳо осеб дидаанд.

Гуфта мешавад, таркишро террористи маргталаб каме дуртар аз бинои сафорати Олмон анҷом додааст. Биноҳои дигар намояндагиҳои дипломатӣ низ дар наздикии макони таркиш ҷойгиранд ва аз ин рӯ, мақомоти пулис бо эътимод гуфта наметавонад, ки ҳадафи аслии таркиш чист.

Тибқи маълумоти шабакаи ҷамъиятии телевизиони Япония NHK, дар натиҷаи таркиш ду корманди сафорати ин кишвар осеб дида, ҷароҳатҳои дипломатҳо вазнин нестанд ва ба ҳаёташон чизе таҳдид намекунад.

Хабаргузории Синхуа иттилоъ медиҳад, ки аз таркиш бинои ин хабаргузорӣ низ осеб дида, шишаи тирезавударомадгоҳи бино шикаста шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...