Санаи 15 феврали соли 1989 қатораи охирини нерӯҳои низомии шӯравӣ қаламрави Афғонистонро тарк кард.
Дар Душанбе бахшида ба хотираи нафароне, ки ҳангоми иҷрои қарзи интернатсионалистӣ ҷони худро аз даст доданд, маросими ёдбуд доир гардид.
Чорабиниҳо дар назди муҷассамаи ҷанговари интернатсионалист, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко ва мактаби миёнаи №37-и пойтахт, ӯ дар он таҳсил кардааст, баргузор шуданд.