Имзои ҳукми эъдоми 11 ҷангии Толибон дар посух ба амали террористӣ

Дар пайи таркиши хунини рӯзи 31-уми май дар Кобул, ки садҳо кушта ва захмӣ ба ҷой гузошт, раиси ҷумҳури Афғонистон ҳукми эъдоми 11 тан аз зиндониёни гурӯҳи Толибон ва "Шабакаи Ҳаққонӣ"-ро имзо кардааст. Наҷиб Озод, муовини сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯзи 31-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Додгоҳи олии он кишвар бояд ба зудӣ […]

Радиои Озодӣ

Дар пайи таркиши хунини рӯзи 31-уми май дар Кобул, ки садҳо кушта ва захмӣ ба ҷой гузошт, раиси ҷумҳури Афғонистон ҳукми эъдоми 11 тан аз зиндониёни гурӯҳи Толибон ва "Шабакаи Ҳаққонӣ"-ро имзо кардааст.

Наҷиб Озод, муовини сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯзи 31-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Додгоҳи олии он кишвар бояд ба зудӣ расмиёти лозимро анҷом дода ва феҳристи маҳкумшудаҳо ба эъдомро ба раёсати ҷумҳурӣ бифиристад.

Бархе аз манбаъҳои давлатӣ гуфтаанд, ки ҳукми эъдоми ин афрод рӯзи гузашта аз сӯи президенти Афғонистон имзо шудааст. То ба ҳол дар мавриди ҳувият ва ҷузъиёти ин афрод чизе гуфта нашуда ва мушаххас нест касоне, ки дар феҳристи эъдом қарор доранд, киҳо ҳастанд.

Ҳукумати Афғонистон се сол пеш Анас Ҳаққонӣ, фарди шумораи дувуми шабакаи террористии Ҳаққониро бо яке аз афроди калидии ин гурӯҳ боздошт карда буд. Анас Ҳаққонӣ, писари Ҷалолиддин Ҳаққонӣ ва Абдулло Ҳофиз Рашид, яке аз мақомоти низомии ин гурӯҳ, дар як амалиёти вижа боздошт гардида буданд ва акнун дар зиндон ба сар мебаранд.

Ин дар ҳолест, ки пас аз ҳамлаи хунини рӯзи чаҳоршанбе дар Кобул, шуморе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва Раҳматулло Набил, раиси пешини Раёсати амнияти миллии Афғонистон ба эъдоми Анас Ҳаққонӣ ва дигар террористоне, ки дар зиндонҳои Афғонистон ба сар мебаранд ва аз сӯи додгоҳҳо ҳукми эъдом дар нисбати онҳо содир шудааст, таъкид карда буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.