Дархости ҳукми 17 соли зиндон барои собиқ корманди дастгоҳи иҷроияи президент

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои Қадамҷон Сафизода, корманди пешини дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва шаш тан аз ҳамроҳонаш, мутаносибан аз 13 то 17 соли зиндонро талаб кард. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин афрод дар маҷмӯъ барои аз худ кардани 8 миллион сомонӣ айбдор мешаванд. Ин камсобиқатарин парвандаи марбут ба кормандони фанновариҳои компютерӣ дар Тоҷикистон […]

Радиои Озодӣ

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои Қадамҷон Сафизода, корманди пешини дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва шаш тан аз ҳамроҳонаш, мутаносибан аз 13 то 17 соли зиндонро талаб кард.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин афрод дар маҷмӯъ барои аз худ кардани 8 миллион сомонӣ айбдор мешаванд. Ин камсобиқатарин парвандаи марбут ба кормандони фанновариҳои компютерӣ дар Тоҷикистон аст, ки дар додгоҳ баррасӣ мешавад.

Сухани айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 8-уми июн дар додгоҳи ноҳияи Сино шунида шуд ва дар ҷараёни мурофиа, ки зоҳиран ба марҳилаи ниҳоӣ наздик шудааст, айбдоркунандаи давлатӣ барои гумонбарон Қадамҷон Сафизода ва Парвиз Назаров 17 сол, барои Фурқат Раззоқов, Арслон Маҳкамов, Владимир Бабаев ва Зуҳал Сангинов 15 ва барои Ҳикматулло Хоҷаев 13 соли зиндон ва нигаҳдорӣ дар маҳбаси низомаш шадидро тақозо намуд.

Онҳо бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “соҳибкории ғайриқонунӣ”, “дуздии амвол дар ҳаҷми махсусан калон”, “қасдан вайрон кардани барномаҳои электронӣ” ва “сӯистифода аз боварӣ” муттаҳам мешаванд. Парвандаи ин афрод беш аз як сол аст, ки дар баррасӣ қарор дорад.

Қурбоналӣ Файзуллозода – дар гузашта сардори таъминоти техникӣ ва ҳоло мудири нашриёти "Шарқи Озод" , ки дар ин парванда ба ҳайси ҷавобгар даъват шуда буд, аз ҷавобгарӣ озод карда шудааст. Аммо вай то 10 рӯзи оянда — замони ба иҷро даромадани ҳукми додгоҳ ҳаққи тарки ҷои истиқоматашро надорад. Файзуллозода бар асоси моддаи 314-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ" муттаҳам мешуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.