Имрӯз дар Маҷмааи давлатии “Кохи Наврӯз” Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи “Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир” иштирок ва суханронӣ намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар кори ин чорабинии муҳими байналмилалӣ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, роҳбарону намояндагони воломақоми дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ, корпуси дипломатии муқими Душанбе ва коршиносону масъулони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ширкат доштанд.
Сарвари давлати Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ таъкид дошт, ки яке аз ҳадафҳои аслии баргузории ҳамоиши имрӯза таҳкиму тавсеаи ҳамкориву шарикии бардавом ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва пешгирии иқдомҳои муштарак ба хотири рафъи таҳдидҳои муосир ва таъмини сулҳу суботи пойдор мебошад.
Ӯ қайд кард, ки қабул гардидани Рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор то соли 2030 ба шароите рост омад, ки дар нуқоти гуногуни сайёра миллионҳо нафар мардуми осоишта ба хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳои мазҳабиву геосиёсӣ дучор шудаанд.
«Ҳамаи мо шоҳидем, ки дар чунин вазъият ягон кишвари дунё ба танҳоӣ натавонистааст дар арсаи мубориза бо хавфу таҳдидҳои амниятӣ комёб гардида, амну суботро таъмин намояд, – изҳор дошт президент. – Аз ин лиҳоз, мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву ҳамёриро барои таъмини амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои дастҷамъона дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароии байналмилалӣ ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хавфнок арзёбӣ менамоем ва дар ин росто, ба ақидаи мо, СММ бояд нақши калидӣ ва ҳамоҳангсоз дошта бошад».
Ба гуфтаи президент, имрӯз пайомадҳои буҳронҳои молиявиву иқтисодӣ, энергетикӣ ва ғизоӣ, инчунин оқибатҳои тағйирёбии иқлим барои ҷаҳду талошҳои аксари кишварҳои ҷаҳон, бахусус кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур бо хушкӣ дар роҳи расидан ба рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод менамоянд.
«Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои маҳсур бо хушкӣ дар самти таъмин намудани ҳамгироӣ ва пайвастани кишвар бо сохтори тиҷорати бисёрҷониба ба мушкилоти муайян дучор буда, чунин ҳолат ба раванди таъмини рушди бемайлони дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа низ таъсири манфӣ мерасонад, – зикр кард Эмомалӣ Раҳмон. – Аз ин лиҳоз, мо чунин мешуморем, ки ин гурӯҳи кишварҳо бояд аз имтиёзҳои мусоиди марбут ба тиҷорати ҷаҳонӣ бархурдор бошад».
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.


