Унвони мушовири давлатии адлия ба Озода Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба духтараш Озода Раҳмон, ки ҳоло раиси дастгоҳи иҷроияи президент аст, унвони мушовири давлатии адлия додааст. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин унвон мартабаи баланд дар низоми додгустарӣ ба ҳисоб меравад. Қарор дар ин заминаро Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25-уми майи имсол ба имзо расондааст. Гуфта мешавад, Озода Раҳмон, ки соли […]

Радиои Озодӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба духтараш Озода Раҳмон, ки ҳоло раиси дастгоҳи иҷроияи президент аст, унвони мушовири давлатии адлия додааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин унвон мартабаи баланд дар низоми додгустарӣ ба ҳисоб меравад. Қарор дар ин заминаро Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25-уми майи имсол ба имзо расондааст.

Гуфта мешавад, Озода Раҳмон, ки соли 2016 раиси дастгоҳи иҷроияи президент таъйин шуд, расо 5 сол пеш аз гирифтани ин унвон, 25-уми майи соли 2012 диссертатсияи номзадиаш дар мавзӯи “Инкишофи қонунгузорӣ дар бораи ҳуқуқ ва озодиҳои зан дар Тоҷикистон”-ро ҳимоят кард ва номзади илми ҳуқуқшиносиро гирифт.

Духтари 38-солаи раиси ҷумҳур, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст, ба ғайр аз мартабаи мушовири давлатии адлия, рутбаи дипломатии сафири фавқулода ва мухторро дорад, чун дар сафорати Тоҷикистон дар Амрико, дар вазорати умури хориҷӣ кор кардааст ва муовини вазир ҳам буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.