Зуҳуроти коррупсия акнун дар ташкилотҳои ғайридавлатӣ ҳам тафтиш мешавад

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон салоҳияти санҷиши кори дафтари созмонҳои байналмилалӣ, ташкилоти ғайридавлатӣ ва ҳизбҳои сиёсиро ба даст овард. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин амр дар пайи ворид шудани тағйироти нав ба қонун "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" ба иҷро даромаданд, ки салоҳиятҳои Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза […]

Радиои Озодӣ

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон салоҳияти санҷиши кори дафтари созмонҳои байналмилалӣ, ташкилоти ғайридавлатӣ ва ҳизбҳои сиёсиро ба даст овард.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин амр дар пайи ворид шудани тағйироти нав ба қонун "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" ба иҷро даромаданд, ки салоҳиятҳои Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистонро бештар мекунад.

Бино ба ин тағйиру иловаҳо, ки ба моддаи 5-уми ин қонун ворид карда шуд, Агентии зиддифасод ҳамакнун аз салоҳияти нави "таҳлил ва баҳодиҳии хавфҳои корупсионӣ", бархӯрдор шуд.

Акнун ин Агентӣ ҳақ дорад, натанҳо дар идораву муассисисаҳои давлатӣ, балки дар дафтари созмонҳои байналмиллалии муқими Тоҷикистон, ташкилоти ғайридавлатӣ, ки умдатан аз ҳисоби грантҳои созмонҳои байналмилалӣ ба сар мебаранд ва ҳамчунон ҳизбҳои сиёсӣ тафтиш гузаронда, “хавфҳои коррупсионӣ”-ро дар онҳо санҷад.

То ба ҳол, Агентии зиддифасоди Тоҷикистон аз салоҳияти тафтиши дахлу харҷ ва умури корбарии идораҳои давлатӣ ва дурустии масрафи пулҳои будҷа бархӯрдор буд.

Тавре қаблан хабар дода будем, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ уҳдадор шуданд, ки аз рӯи натиҷаҳои сол дар бораи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ ба Агентӣ ҳисоботи муфассал пешниҳод кунанд. Дар ҳар кадоме аз вазорату идораҳо гурӯҳҳо оид ба арзёбии хавфҳои коррпусионӣ таъсис дода мешаванд, ки намояндагони Агентии зиддифасод низ ба онҳо шомил мегарданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.